Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаронса назорат дар фурудгоҳҳоро шадидтар кард


Мақомоти амниятии Фаронса шурӯъ аз рӯзи ҷумъа, 4 июл, назорати мусофирон дар фурудгоҳҳоеро, ки аз онҳо парвозҳои мустақим ба Амрико анҷом мешаванд, ташдид бахшиданд. Ин тасмим – вокуниш ба як ҳушдори мақомоти ИМА оиди эҳтимоли аз сӯи ифротгароҳо анҷом додани ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймоҳост. Бар пояи ин ҳушдор, террористҳо метавонанд аз бомбҳое истифода кунанд, ки ошкор карданашон мушкил аст.

Мақомоти амрикоӣ аз Фаронса ва Бритониё хостаанд, ки назорат дар ду фурудгоҳи бузурги Аврупо – Ҳитроу ва Шарл де Голро бештар кунанд. Ҳамарӯза тақрибан 2,5 миллион мусофирон аз ин фурудгоҳҳо истифода мебаранд.

Кормандони амниятии фурудгоҳҳои Фаронса ва Бритониё акнун ба таври иловагӣ пойафзол ва ҳама таҷҳизоти электронӣ, аз ҷумла, телефонҳои мобилиро тафтиш мекунанд.

Мансабдорони ИМА рӯзи 2 июл хостори тафтиши шадиди мусофирон дар он фурудгоҳҳои Аврупо ва Ховари Миёна шуданд, ки парвозҳои мустақим ба шаҳрҳои Амрикоро анҷом медиҳанд. Аммо масъулини хадамоти кашф дар бораи ягон далели мушаххаси омодагӣ барои ҳамлаи террористӣ дар ҳавопаймоҳо чизе нагуфтаанд.

XS
SM
MD
LG