Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни украинӣ ҳамла ба ҷудоихоҳонро идома медиҳанд


Низомиёни Украина рӯзи ҷумъа, 4 июл, рустои Николаевка дар канори шаҳри Славянски вилояти Донетскро, ки он ҷо як рӯз пеш даргириҳо бо ҷудоихоҳон сурат гирифтанд, пурра дар муҳосира қарор доданд. Бар асари зарбаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ шаш қароргоҳ ва анбори силоҳи ҷудоихоҳон дар Николаевка ва рустои ҳамсоя Семёновка нобуд карда шуданд.

Сухангӯи амалиёти зиддитеррор дар шарқи Украина Алексей Дмитрашковский хабар дод, ки низомиёни украинӣ як бахш аз шоҳроҳи “Харков-Ростов”-ро назорат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар амалиёт ду сарбози украинӣ кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шуданд, ҷудоихоҳон бошанд, 150 нафарро талаф доданд. Ин иттилоъ ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил таъид нашудааст.

Намояндаи маркази хабарии Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина Андрей Лисенко хабар дод, ки аз рӯзи 15 апрел дар амалиёти зиддитеррор дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетск 197 афсару сарбоз кушта шуданд. 655 тан аз низомиён ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар як тамоси телефонӣ ба натиҷае расиданд, ки агар Маскав дар мӯҳлати кӯтоҳ ба хотири ором кардани авзоъ дар Украина аз чораҳои зарурӣ кор нагирад, алайҳаш таҳримҳои нави иқтисодӣ ҷорӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG