Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тундбоди "Артур" то ба соҳилҳои шарқии ИМА расид


Тундбоди “Артур” ба соҳилҳои шарқии Амрико расид. Ба иттилои Маркази миллии назорат аз болои тӯфонҳои ИМА, суръати тундбод дар аёлати Каролинаи Шимолӣ 160 километр дар як соат аст. Сайёҳоне, ки ба шарафи таҷлил аз Рӯзи истиқлоли Амрико барои истироҳат дар соҳил ҷамъ омада буданд, ба таври оҷил он ҷоро тарк намуданд.

“Артур” нахустин тундбодест, ки баъд аз тӯфони шадиди “Сэндӣ” дар соҳилҳои шарқии Амрико бедодгарӣ мекунад. Бар асари тӯфони “Сэндӣ” дар моҳи октябри соли 2012 ба аёлатҳои Ню-Йорк ва Ню-Ҷерсӣ ба маблағи 70 миллиард доллар хисорот ворид шуда буд.

XS
SM
MD
LG