Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА хостори ҳифзи ваҳдату якпорчагии Ироқ шуд


Масъуд Барзонӣ

Масъуд Барзонӣ

ИМА дар вокуниш аз даъвати раҳбари курдҳои Ироқ Масъуд Барзонӣ дар бораи баргузории раъйпурсӣ оид ба истиқлолият хостори ҳифзи ваҳдат ва якпорчагии кишвар шуд. Намояндаи Кохи Сафед Ҷош Эрнест изҳор намуд, ки “Ироқ дар ҳоли якпорча будан нерӯмандтар боқӣ хоҳад монд”.

Аз ин пеш ноиби раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар Кохи Сафед раиси ситоди раҳбари курдҳо Фуад Ҳусейнро ба ҳузур пазируфт. Байден ба муҳим будани ташкили ҳукумати нави Ироқ, ки тавони муттаҳидсозии кишварро дорад, таъкид намуд.

Масъуд Барзонӣ рӯзи панҷшанбе аз парлумони Курдистон даъват кард, ки барои доир намудани раъйпурсӣ оид ба истиқлолияти Курдистон кумитаи вижа таъсис ва рӯзи раъйпурсиро таъин кунад.

Ҳафтаҳои ахир дар Ироқ даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мусаллаҳони суннимазҳаби гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” идома дорад. Ин гурӯҳ бахши аъзами қаламрави шимол ва ғарби Ироқро тасарруф кард ва ахиран эълом дошт, ки он ҷо Халифат таъсис мекунад.

XS
SM
MD
LG