Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста – муддаиёни Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014


Рӯзҳои 4-5-уми июл бозиҳои чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил баргузор мешаванд.

Рӯзи ҷумъа Фаронса - Олмон ва Бразил - Колумбия, рӯзи шанбе Аргентина - Белгия ва Ҳолланд - Коста-Рика рақобат мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз 64 бозии Ҷоми ҷаҳон-2014 ҳамагӣ 8 бозии дигар мондааст: 4 бозии чорякниҳоӣ, 2 бозии ниманиҳоӣ, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ.

Аз 8 тиме, ки дар тӯли 84 сол ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд, чаҳортоаш – Испания, Инглистон, Италия ва Уругвай аз ҳаққи мубориза барои Ҷоми ҷаҳон-2014 маҳрум шуданд. Чаҳор дастаи дигар – Аргентина, Бразил, Олмон ва Фаронса барои Ҷоми ҷаҳон-2014 талош доранд.

Аҷиб аст, ки ҳамаи 8 дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ ғолибони сабқати гурӯҳӣ мебошанд. Аз ин 8 дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ чортоаш – Белгия, Олмон, Фаронса ва Ҳолланд – аз қораи Аврупо ва чортои дигар – Аргентина, Бразил, Колумбия ва Коста-Рика – аз Амрикои Лотинӣ мебошанд.

Ҷеймс Родригес, бозигари Колумбия, ки 5 гол задааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини Ҷоми ҷаҳон-2014 пешсаф мебошад. Лионел Месси аз тими Аргентина, Томас Мюллер аз Олмон ва Неймар аз Бразил чаҳорголӣ задаанд. Ба ҷуз ин чаҳор нафар боз Робен Ван Перси ва Арйен Роббен - ҳарду аз Ҳолланд ва Карим Бензема аз Фаронса, ки сеголӣ задаанд, Мемфис Депай аз Ҳолланд, Ҷексон Мартинес аз Колумбия ва Брайан Руис аз Коста-Рика, ки 2-голӣ задаанд, имкон доранд шумораи голҳояшонро афзун намоянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст.

Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом доданд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар 19 мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон ҳамагӣ 8 даста ба унвони қаҳрамонӣмушарраф шудаанд. Аз ҳама бештар Бразил – панҷ бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), чор маротиба Италия (1934, 1938, 1982, 2006), се бор Олмон (1954, 1974, 1990), дуборӣ Уругвай (1930, 1950) ва Аргентина (1978, 1986), якборӣ Инглистон (1966), Фаронса (1998) ва Испания (2010) Ҷоми ҷаҳонро ба даст овардаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2014. ¼ финал

4-уми июл. 21:00 Фаронса – Олмон

5-уми июл. 01:00 Бразил – Колумбия

21:00 Аргентина – Белгия

6-уми июл. 01:00 Ҳолланд – Коста-Рика

XS
SM
MD
LG