Пайвандҳои дастрасӣ

Эълони натиҷаҳои интихобот то 7 июл ба таъхир афтод


Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълони натиҷаҳои даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро то 7 июл ба таъхир гузошт. Аҳмад Нуристонӣ-раиси ин кумиссиюн 2 июл гуфт, сабаб ин аст, ки дар 1930 қитъаи интихоботӣ баргаҳои рай дубора шумурда шавад.

Номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ мегӯяд, ки дар шумориши орои даври дуввуми интихобот, ки 14 июн баргузор шуд, ба тақаллуб роҳ додаанд. Барои чунин тақаллуб Зиёулҳақ Умархел-яке аз мақомоти кумиссиюни мазкур аз мақом барканор гардид. Аммо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай иддао мекунад, ки дар даври дуввуми интихобот пируз шудааст.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон телефонӣ гуфтугӯ кардааст ва аз ӯ хостааст, ки ба нигарониҳои рақибони интихоботии ин кишвар аҳамият диҳад. Ҷон Керрӣ ҳамчунин нигарониҳои худро аз имкони бесуботиҳо дар натиҷаи ин низоъҳо баён дошт. Вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳамчунин бар “аҳамияти иттиҳоди миллӣ ва раванди сулҳомези сисёӣ” таъкид кард.

Интихоботи расёсати ҷумҳурии Афғонистон нахустин интиқоли қудрати иҷроӣ ба шакли демократӣ дар ин кишвар аст ва он ба даври дуввум кашида шуд. Дар даври дуввум Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо ҳам ба рақобат пардохтанд.

Оқои Абдуллоҳ пас аз райгирӣ ва ҳангоми шумориши оро “дар бораи тақаллуби густарда ва созмонёфта” изҳорот дод. Оқои Абдуллоҳ рақиби интихоботии худ Ашрафғанӣ ва Ҳомид Карзай ва ҳамчунин Кумиссиюни мустақили интихоботиро муттаҳам кард, ки онҳо аз таъйиди пирузии вай худдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG