Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони нави Ироқ ба интихоби раис муваффақ нашуд


Нахустин ҷаласаи парлумони нави Ироқ ба интихоби раиси нав муваффақ нашуд. Раиси феълии парлумон Маҳдӣ ал-Ҳафид рӯзи сешанбе, 1 июл, эълон кард, ки ҷаласа ҳафтаи оянда аз сар гирифта мешавад. Бо пойфишории вакилон барои баррасии номзадҳо ба мақоми раиси парлумон дар ҷаласа танаффус эълон шуд, аммо баъд аз танаффус аз 328 вакил фақат 75 нафар дар толор ҳозир шуданд. Бар пояи созиш, раиси парлумони Ироқ аз ҳисоби суннимазҳабҳо интихоб мешавад.

Нишасти парлумони Ироқ дар ҳоле мегузарад, ки кишвар баъд аз амалиёти густурдаи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ба бӯҳрони шадид гирифтор шудааст. Мусаллаҳони ин гурӯҳ қаламрави азимеро аз ғарб то шарқи Ироқ таҳти назорат доранд ва ахиран дар бораи дар ин қаламрав ташкил намудани Халифат хабар доданд.

Рӯзи шанбе раҳбари вилояти мухтори Курдистон Масъуди Барзонӣ ҳам хабар дод, ки моҳҳои наздик дар ин минтақа раъйпурсӣ оид ба истиқлоли Курдистон баргузор хоҳад шуд. Дар сӯҳбат бо Би-Би-Си ӯ изҳор намуд, ки "мо ба ҳама гуна тасмими мардуми курд дар ин бора арҷ хоҳем гузошт". Аммо Барзонӣ аз эълони санаи мушаххаси раъйпурсӣ худдорӣ кард ва гуфт, ки дар ин бора бояд парлумони минтақа тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG