Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Ироқ нахустин ҷаласаи худро доир мекунад


Парлумони Ироқ рӯзи сешанбе нахустин баъд аз интихоботи парлумонӣ ҷаласаи худро доир мекунад. Интизор меравад, ки вакилон раиси парлумон, нахуствазир ва раисиҷумҳурро интихоб кунанд. Ба мақоми нахуствазир барои саввумин бор Нурӣ ал-Моликӣ довталаб аст. Аз ин пеш Моликӣ даъватҳо барои дар Ироқ ташкил кардани ҳукумати ваҳдати миллиро рад намуд.

Нишасти парлумони Ироқ дар ҳоле мегузарад, ки кишвар баъд аз амалиёти густурдаи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” (ДИИШ) ба бӯҳрони шадид гирифтор шудааст. Мусаллаҳони ин гурӯҳ қаламрави азимеро аз ғарб то шарқи Ироқ таҳти назорат доранд ва ахиран дар бораи дар ин қаламрав ташкил намудани Халифат хабар доданд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ барои аз шаҳри Тикрит берун кардани ДИИШ талош доранд. Манбаъҳо дар мақомоти низомӣ хабар доданд, ки бахше аз шаҳрро ишғол карданд, аммо ин иттилоъ аз сӯи манбаъҳои мустақил тасдиқ нашудааст.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ахиран тасмим гирифт, ки барои дифоъ аз дипломатҳо ва шаҳрвандони амрикоӣ боз 300 афсару сарбозро ба Ироқ фиристад.

XS
SM
MD
LG