Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Испания дар Ҷоми президенти Қазоқистон аввал ва Тоҷикистон севум шуд


Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).
Мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16).

Мунтахаби наврасони футболи Испания (U-16) барандаи Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон гардид.

Футболбозони навраси Испания дар бозии ниҳоӣ, ки шоми якшанбеи 29-уми июн дар пойтахти Қазоқистон – Остона – баргузор шуд, тими Гурҷистонро бо ҳисоби бузурги 6-1 шикаст дод. Ба ин тартиб, мунтахаби Испания бо Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон ва 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида шуд. Дастаи Гурҷистон барои ҷойи дувум бо 6 ҳазор доллари ИМА сарфароз гашт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29-уми июн мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон дар Остона барои ҷойи севум бар тими мизбон аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4-3 пирӯз шуд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1-1 поён ёфт. Дар задани зилсилаи зарбаҳои 11-метра кори футболбозони навраси тоҷик омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 ғолиб омада, мақоми севумро касб намуданд. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо медалҳои биринҷӣ ва 4 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон -2014

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Қазоқистон – Тоҷикистон – 1-1 (3-4 - аз рӯи пеналтӣ). Голи Тоҷикистон: Кароматулло Саидов, 24.

Силсилаи пеналтӣ: Олтинбек Тулеев – 0:1. Собирҷон Гулаков – 1:1. Бакдаулет Рисбеков – 1:2. Худойдод Узоқов – 2:2. Мадӣ Айторе – 2:2 (хато зад). Кароматулло Саидов – 3:2. Алибек Қосим – 3:3. Табрези Давлатмир – 4:3. Алишер Сагинов – 4:3 (дарвозабон баргардонд).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Алишер Сафаров (капитан), Абубакр Азимов, Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Баротов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Худойдод Узоқов, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷон Шарифов (Рустам Толибов, 74), Собирҷон Гулаков.

29-уми июн. Остона. Варзишгоҳи "Остона Арена". 500 тамошобин.

Мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бо ширкати 6 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, ба гурӯҳи «В» Испания, Озарбойҷон ва Тоҷикистон дохил буданд.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Гурҷистон ва Қазоқистон бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро азони худ карданд. Вале мунтахаби Қирғизистон бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор гирифт.

Дар гурӯҳи «В» Испания бо 4 имтиёз ғолиб омад. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дувум шуд. Озарбойҷон бо як имтиёз ҷойи охиринро гирифт. Ба ин тартиб, Гурҷистон ва Испания ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва барои дарёфти Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон талош карданд.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон 25-уми июн дар нахустин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон бар дастаи Озарборйҷон бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Шарифов (аз пеналтӣ) ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 26-уми июн дар дувумин бозиаш дар Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон аз тими Испания бо ҳисоби бузурги 0-7 шикаст хӯрд.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати даста 18 бозигар, аз он ҷумла 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар дохиланд. Ин мусобиқа барои мо як давраи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 маҳсуб мешуд. Бачаҳои мо боз имкон пайдо карданд, ки бо дастаҳои аврупоӣ бозӣ карда,таҷоруби хуби байналмилалӣ касб кунанд.»

Ҳайати мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Беҳрӯз Хайриев («Нури Норак»), Шаҳром Исмоилов («Вахш»).
Ҳимоятгарон: Сироҷиддин Гулмуродов, Алишер Сафаров, Табрези Давлатмир (ҳарду – «Истиқлол»), Абубакр Азимов («Равшан»), Алишер Баротов («Вахш»), Зоир Ҷӯрабоев (ССКА «Помир»).
Нимҳимоятгарон: Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»), Ҳокимҷон Ҳасанов («Энергетик»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Равшан»), Шаҳбози Шарифӣ (РШВСМ), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

Ҳамлагарон: Собирҷон Гулаков, Рустам Толибов, Муҳаммадҷон Шарифов (ҳама – РШВСМ), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ: Салоҳиддин Ғафуров.

Натоиҷи бозиҳои Ҷоми раиси ҷумҳури Қазоқистон -2014

Даври 1-ум

25 июн (чоршанбе)

Озарбойҷон - Тоҷикистон – 1-2

Қазоқистон – Қирғизистон -3-0

Даври 2-юм

26 июн (панҷшанбе)

Гурҷистон – Қирғизистон -10-0

ТоҷикистонИспания – 0-7

Даври 3-юм

27 июн (ҷумъа)

Испания – Озарбойҷон – 1-1

Қазоқистон – Гурҷистон – 0-0

29 июн (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум. Қирғизистон – Озарбойҷон -0-5.

Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум. Қазоқистон – Тоҷикистон – 1-1 (3-4 - аз рӯи пеналтӣ).

ФИНАЛ. Гурҷистон – Испания – 1-6

XS
SM
MD
LG