Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 9 нафар бар асари фурӯрезии бино дар Ҳиндустон


Дар шаҳри Ченнаӣ, воқеъ дар ҷануби Ҳиндустон, рӯзи якшанбе бинои нимабунёди 11-қабата фурӯ рехт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, 25 каси дигар зери харобаҳо мондаанд. Бештари қурбониёни ҳодиса – бинокоронанд.

Ба гуфтаи шоҳидон, зери оворҳо шояд одамоне ҳам боқӣ монда бошанд, ки аз борони шадид панаҳ бурда буданд. 27 нафар наҷот дода шуд.

Дар робита ба ин ҳодиса полиси Ҳиндустон тафтишотро шурӯъ кард. Раиси ширкати бинокорӣ ва писари ӯ боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG