Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ дар Душанбе


Имрӯз, 27-уми июн, дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ баргузор шуд.

Ин чорабиниро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, маъмурияти Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии тамоили варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов ва Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон доир кард.

Дар маросими кушоиши чорабинӣ нахуст Аҳтам Абдуллозода, раиси тозатаъини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, суханронӣ карда, ширкаткунандагони чорабиниро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Вай, аз ҷумла, гуфт:

“Роҳи расидан ба сулҳи тоҷикон хеле мушкил ва пурқурбонӣ буд. Бояд мо, аз ҷумла ҷавонон, ба ин арзиши миллӣ ҳамеша арҷ гузорем ва ба дасисаи гурӯҳҳои мухталифи ифротгаро дода нашавем. Шодиву нишоте, ки имрӯз насиби мо шудааст, бар ивази хуни ҳазорон ҷавонону кӯдакон ва мардуми бузургсол ба даст омадааст. Аз ин рӯ ин рӯз ҳам рӯзи нишоту хурсандӣ ва ҳам рӯзи ёдоварӣ аз рӯзҳои талхи миллати тоҷик аст.”

​Баъдан Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, суханронӣ кард. Вай гуфт, “рӯзи олимпӣ барои бори шашум дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ҳамчун иди варзиши оммавӣ таҷлил мегардад. Рӯзи олимпӣ барои дар амал ҷорӣ шудани идеяи олимпизм ва рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Мо ба ин чорабинӣ ба ҷуз хонандагону донишҷӯён, омӯзгорону мураббиён, доварону мутахассисон ва масъулини соҳа, инчунин, намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷиро даъват кардаем. Дар як ҳамоиш онҳо иди касбиашон - Рӯзи байналмилалии хабарнигори варзиширо ҷашн мегиранд.

Шодӣ Сафаров, раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, дар бораи таърихи ин мактаби олии таълимӣ маълумот дод. Вай гуфт, «Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон соли 1971 таъсис ёфтааст. Он макони кадрҳои варзишист. Дар донишкадаи мо, инчунин, қаҳрамонҳои олимпиву ҷаҳон, Аврупову Осиё, ба мисли бародарони қаиқрон Юрий ва Михаил Лобановҳо, панҷҳарбачии муосир Анатолий Старостин, камонвар Зебуннисо Рустамова, гурзандозҳо Андрей Абдувалиев ва Дилшод Назаров, гӯштигирон Саидмӯъмин Раҳимов ва Расул Боқиев, муштзанҳо Мавзуна Чориева ва Анвар Юнусов ва дигарон ба камол расидаанд.»

Чорабинӣ бо дави оммавӣ дар майдони бузурги донишкада шурӯъ шуд. Ширкаткунандагони пойга мувофиқи синнашон ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба масофаҳои мухталиф давиданд. Баъдан дар ҳамаи иншооти варзишии донишкада мусобиқот аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш - армспорт (дастхобонӣ), акробатика, баскетбол, бадминтон, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи варзишӣ, гуштини миллӣ, дзюдо, тенниси рӯи миз, тӯби дастӣ (гандбол), футболи хурд, чавгонбозӣ ва якҳарбаи шарқӣ - баргузор шуд.

Баъди анҷоми мусобиқот дар ҳар як намуд ба беҳтаринҳо сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин, тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

XS
SM
MD
LG