Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ даъват барои таъсиси ҳукумати навро рад кард


Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, даъватҳо барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ барои муқобила бо тундравони суннимазҳабро рад кард. Ӯ зимни суханронии телевизионӣ дар рӯзи 25-уми июн гуфт, “даъватҳо барои таъсиси ҳукумати наҷот, баробар ба табадуллот алайҳи низоми қонунӣ ва ҷараёнҳои сиёсӣ дар Ироқ аст”. Тундравони суннимазҳаби Давлати исломии Ироқ ва Шом, ки як ҳалқаи Ал-Қоида ба ҳисоб меравад, бахшҳои бузурге дар шимол ва ғарби Ироқро ишғол кардаанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ҳамин ҳафта зимни сафараш ба Ироқ аз Нурӣ ал-Моликӣ хост, ҳукумати сарҷамъе аз ҳисоби қавму миллиятҳои гуногуни кишвар ташкил диҳад. Ӯ ҳамчунин аз раҳбарони вилояти мухтори Курдистони Ироқ хост, ки ваҳдат дар кишварро ҳифз кунанд. Ҳукумати Ироқ аксаран аз ҳисоби шиамазҳабон ташкил шудааст ва суннимазҳабон мегӯянд, ки дар ҳошия мондаанд.

XS
SM
MD
LG