Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё дар Тошканд


Имрӯз, 25-уми июн, дар шаҳри Тошканд мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба самбо шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиё, ки дар пойтахти Узбакистон аз 25-ум то 27-уми июн баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби миллӣ, навҷавонону наврасони кишварҳои қора ширкат доранд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа бузургсолон (мардону занон) рақобат мекунанд. Баъдан навбат ба навҷавонону духтарон мерасад. Дар рӯзи охирин наврасон (писарону духтарон) ба қувваозмоӣ мепардозанд, инчунин, сабқати самбои размӣ баргузор мешавад.

Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ки муовини раиси Созмони самбои Осиё мебошад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «дар ин мусобиқот беш аз 350 варзишгар аз 17 кишвари қора ширкат доранд. Шарафи Тоҷикистонро беҳтарин гуштигирон таҳти раҳбарии Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби самбои кишвар, ҳимоят мекунанд, ки дар байни онҳо ғолибону ҷоизадорони бисёркаратаи ин мусобиқоти қаҳрамонии қитъавӣ ҳастанд.»

Ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014

25 июн, чоршанбе

10:00 – қувваозмоиҳои пешакӣ:

- мардон: 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг;

- занон: 48, 52, 56, 60, 64, 68, 72, 80, +80 кг.

17:30 – қувваозмоиҳои ниҳоӣ. Маросими кушоиши мусобиқа.

26 июн, панҷшанбе

10:00 – қувваозмоиҳои пешакӣ:

- навҷавонон: 48, 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг;

- духтарон: 44, 48, 52, 56, 60, 64, 68, 72, 80, +80 кг;

17:00 – қувваозмоиҳои ниҳоӣ.

27 июн, ҷумъа

10:00 – қувваозмоиҳои пешакӣ:

- наврасон: 48, 52, 56, 60, 65, 70, 75, 81, 87, +87 кг;

- духтарон: 40, 44, 48, 52, 56, 60, 65, 70, 75, +75 кг;

- самбои размӣ (мардон): 52, 57, 62, 68, 74, 82, 90, 100, +100 кг.

17:00 – қувваозмоиҳои ниҳоӣ.

Бояд гуфт, ки самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил шудааст, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифт. Ин қарор моҳи январи соли равон дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар пойтахти Филиппин – Манила - тасдиқ шудааст.

XS
SM
MD
LG