Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби созишномаи байни Тоҷикистону НАТО дар порлумон


Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, созишномаи байни Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО дар бораи дастгирии кишвари қабулкунанда ба нерӯҳои ин созмон ва ҳайати ин созмон дар мавриди транзити нируҳо ва ҳайати НАТО -ро тасвиб кард. Саттор Холов, муовини раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси Намояндагон зимни муаррифии он гуфт, ки созишнома аз 18 модда иборат аст ва ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО -ро танзим мекунад. Ба гуфтаи ҷаноби Холов, ин созишнома аз ҷониби раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод шудааст.

Бо ин ҳам дар суханронии ҷаноби Холов рӯшан нашуд, ки тасвиби ин созишнома аз чӣ аҳамияте бархӯрдор аст ва дар хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон, ки ҳамакнун шуруъ шудааст, Тоҷикистон чӣ нақше дорад. Вай танҳо ишора кард, ки Тоҷикистон бар ивази он як миқдор маблағ ва таҷҳизот дарёфт хоҳад кард, аммо аз мизони дақиқи он чизе нагуфт.

Аммо нозирони умур мегӯянд, тасвиби ин созишнома дар шароити феълӣ, ки хуруҷи нируҳои НАТО аз Афғонистон шурӯъ шудааст, ба транзити неруҳо ва ҳайати НАТО тариқи кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон марбут аст. Пас аз муаррифии ин созишнома аз сӯи Саттор Холов, вакилони порлумон бо аксарияти оро ва бидуни баҳсу баррасӣ онро қабул карданд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки созишномаи миёни НАТО ва Тоҷикистон дар соли 2004 ба имзо расида ва ба иттилои сафорати Фаронса, ки намояндагии НАТО дар Тоҷикистонро бар дӯш дорад, на фақат интиқоли борҳо, балки афрод ва дастгирии кишвари қабулкунандаро ҳам дар назар дорад. Ин манбаъ мегӯяд, кишварҳои ISAF ҳаққи операторони хусусӣ барои хадамоти интиқолдиҳӣ тариқи роҳҳои мошингард ва ронандаҳои маҳаллиро медиҳад, агар ҳамчунин зарурат пеш ояд, ба таъкиди намояндаи НАТО дар Тоҷикистон ҷузъиёти ин гуна созишномаҳоро муҳокима намекунанд, аммо созиш сари онҳо бо назардошти ҷонибҳои зидахл ҳосил мешавад.

Қарор аст то поёни соли ҷорӣ қисмати асосии нерӯҳои байнулмилал аз хоки Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд. Пас аз мухолифатҳои НАТО бо Покистон миёни ин паймон бо кишварҳои «шабакаи шимол» - Узбакистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия тавофуқ ҳосил шуд, ки дороиҳо ва таҷҳизоти низомии Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният ё ISAF-и НАТО асосан тариқи ин кишварҳо берун оварда шаванд. Чанде қабл мухолифатҳо миёни НАТО ва Покистон бартараф шуданд ва ахирӣ иҷозаи хуруҷи нерӯҳои байнулмилалро аз марзҳояш дод, аммо масъулини паймон мегӯянд, масири шимол аҳамияти қаблии худро гум накардааст.

XS
SM
MD
LG