Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи лигаи олии футболи Тоҷикистон


Рӯзи шанбе, 21-уми июн, бозиҳои даври 9-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешаванд.

Бо бозиҳои даври 9-ум марҳалаи аввали мусобиқаи имсолаи лигаи олӣ ба анҷом мерасанд. «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бо «Энергетик»-и Душанбе, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан рақобат мекунанд. Бозиҳо соати 18:00 шурӯъ мешаванд.

“Истиқлол”, ки дар ҷадвали мусобиқот бо 22 имтиёз пешсаф аст, ягона дастаест то ҳоло бохт надорад. «Истиқлол», сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои даври 9-ум ва охирини марҳалаи аввали мусобиқот, дар давраи якум барои рақибонаш дастнорас гаштааст.

Барои ҷойҳои дувуму севум се даста - «Хуҷанд», «Парвоз» ва «Хайр» - талош доранд. Дар ҳамин ҳол «Хуҷанд» бо 15 имтиёз дар ҷойи дувум аст. Дастаҳои «Хайр» ва «Парвоз» бо 13-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Дилшод Восиев, ҳамлагар ва капитани «Истиқлол», дар ҷойи аввал мебошад. Вай ҳамагӣ 9 гол задааст, ки ин аз рақибони наздиктаринаш 3 гол зиёд аст.

21 июн, шанбе. Оғози бозиҳо – соати 18:00

«РАВШАН» - «ЭНЕРГЕТИК»
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
Сардовар: Аъзам Бӯриев (Душанбе).

«ПАРВОЗ» - ССКА «ПОМИР»
Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ».
Сардовар: Равшан Ишматов (Қурғонтеппа).

«ХАЙР» - «ХУҶАНД»
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

«ВАХШ» - «ИСТИҚЛОЛ»
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

«РЕГАР-ТАДАЗ» - «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА»
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври 9-ум

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)871032-422
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)843111-1015
3«Хайр» (Ваҳдат)841312-1113
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)841313-1513
5«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)832312-1011
6«Энергетик» (Душанбе)83239-811
7«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)83236-611
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)82153-87
9«Равшан» (Кӯлоб)820611-276
10ССКА «Помир» (Душанбе)81164-144

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол»), Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ») – 6-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд») – 4 -тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ, Комрони МИРЗОХОН, Юсуф РАБИЕВ (ҳарсе – «Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG