Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар қӯшунҳои сарҳадӣ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 19-уми июн бо як қатор фармонҳои худ чанде аз масъулони қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз вазифа барканор ва ба вазифаҳои дигар мансуб кардааст. Аз ҷумла Ҳабибулло Сафаров, муовини якуми сардори Сарраёсати неруҳои сарҳадии КДАМро – сардори Сарситоди неруҳои марзбонӣ таъин кардааст. Раҷаб Маҳмадалиев, муовини сардори Сарраёсати неруҳои сарҳадии оид ба ҷосусӣ – сардори Раёсати ҷосусӣ-разведка мансуб шуд ва Муҳаммад Ҷаъфаров бо фармони дигари раиси ҷумҳур сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ ин сарраёсат таъин гардид. Ҳамчунин ба вазифаҳои сардори маркази таълимии пойтахт ва сардорони қисмҳои сарҳадии Регар, Панҷ, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Мурғоб, Шаҳритус, Табошар, Дарвоз, Панҷакент, Лангар ва бахши таъиноти махсус кадрҳои дигар таъин карда шудаанд. Дар мулоқоте, ки Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳои тозатаъин доир намуд, зикар кардааст, ки пас аз берун рафтани нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон, ки то охири соли 2014 сурат мегирад, "масъулияти марзбонҳо думаротиба бештар хоҳад шуд, зеро таҳдиди хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонад бештар гардад."
XS
SM
MD
LG