Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Ироқ ҷангро барои полоишгоҳ идома доданд


Нерӯҳои амниятии Ироқ рӯзи 19-уми июн барои назорат бар бузургтарин полоишгоҳи нафт дар кишвар ҷангро бо тундравони суннимазҳаб идома доданд. Полоишгоҳи Баиҷӣ дар 200 километрии шаҳри Бағдод пойтахти Ироқ ҷойгир аст. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки нерӯҳои давлатӣ ба раҳбарии ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ, назорати полоишгоҳро пас гирифтанд вале ҷанг бо тундравони шарики Ал-Қоида аз созмони Давлати Исломии Ироқ ҳамчунон идома дорад. Телевизиони Ал-Арабияи фавҷи дуд аз болои полоишгоҳро нишон дод, ки дар онҷо ҳамчунин парчами сиёҳи Созмони давлатии исломии Ироқ дида мешуд. Полоишгоҳи Байиҷӣ дар минтақае воқеъ шудааст, ки тундравони суннимазҳаб онро ҳафтаи гузашта ишғол карданд. Ва дигар ин ки Амрико то кунун ба дархости Ироқ, ки хост ба кишвар дар мубориза бо тундравон кумак кунад, то кунун посух надодааст.
XS
SM
MD
LG