Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи Тсарнаев дар Вашингтон сурат мегирад?


Вакилони Ҷавҳар Тсарнаев, муттаҳам ба бомбгузорӣ дар марафони шаҳри Бостони Амрико аз додгоҳ хостааст, ки муҳокимаи ӯро дар Вашингтон баргузор кунанд. Ба гуфтаи вакилони дифоъаш, теъдоди бисёре аз сокинони Бостон дар дави марафонӣ ширкат кардаанд ва интихоби ҳайати мунсифа барои додгоҳ аз байни онҳо номумкин аст. Ба гуфтаи вакилон, як таҳқиқ дар минтақаи Бостон ва Ню Йорк нишон дод, ки Вашингтон маконест, ки метавон аз байни сокинонаш ҳайати мунсифа интихоб кард. Ҷавҳар Тсарнаеви 20-солаи чечентаборро ба қатли 3 нафар ва захмӣ кардани 260 нафари дигар дар дави марафонии соли 2013 муттаҳам мекунанд. Ӯ худро бегуноҳ медонад. Бародари Ҷавҳар зимни муқовимат ба маъмурони пулис кушта шуд.
XS
SM
MD
LG