Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои шабонаи ҷудоихоҳон ба низомиёни украинӣ


Ҷудоихоҳони рустабор шаби душанбе ба сешанбе ба чанд мавқеи низомиёни украинӣ дар вилояти Донетск ҳамла карданд.

Ба иттилои раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоотӣ” Дмитрий Тимчук, дар ин ҳамлаҳо дасти кам даҳ сарбози украинӣ маҷрӯҳ шуданд. Ҷудоихоҳон аз грантомёт ба постгоҳи муштараки марзбонҳо ва нерӯҳои зиддитеррор дар канори рустои Алексеевское оташ кушоданд. Ба асари ба захираи силоҳу маводи тарканда расидани тир инфиҷор рӯй дод ва даҳ тан аз сарбозон ҷароҳат бардоштанд. Ҷудоихоҳон ҳамчунин сӯи постгоҳи низомиёни украинӣ дар гардиши шоҳроҳ сӯи шаҳрҳои Красный Лиман ва Славянск оташ кушоданд. Ба низомиёни украинӣ осеб нарасидааст.

Аз ин пеш муовини аввали нахуствазири Украина Виталий Ярема хабар дод, ки дар ҷараёни амалиёти зиддитеррор дар шарқи кишвар 125 низомии украинӣ, аз ҷумла, 96 афсари сарбози артиш, 22 корманди нерӯҳои дохилӣ ва ҳамчунин марзбонҳову кормандони Хадамоти амният ба ҳалокат расиданд. Виталий Ярема дар як барномаи шабакаи телевизионии ICTV шоми душанбе гуфт, ки бештари низомиён бар асари суқути ҳавопаймову чархболҳои низомӣ ҷон бохтаанд, талафот дар набардҳо бо ҷудоихоҳон зиёд нест.
XS
SM
MD
LG