Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ССКА «Помир» бар «Равшан» дар Душанбе


Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард.

Ин бозии охирини даври 8-уми мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои ССКА «Помир» ва «Равшан» рӯзи якшанбе, 15-уми июн, дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, бо ҳузури 800 тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро Шамсиддин Қосимов, ҳамлагари ССКА «Помир», дар дақиқаи 29-ум кушод. Баъди 11 дақиқа Фаридун Рустамов, бозигари Равшан», ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Субҳон Хоҷамов, ҳимоятгари мизбонон, чаҳор дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ ба самар расонд. Дарвоқеъ, ин аввалин пирӯзии ССКА «Помир» дар мусобиқоти имсола мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ ду бозигари «Равшан» - Наврӯз Рустамов дар дақиқаи 68-ум ва Саидхони Амрохон дар дақиқаи 71-ум - барои корти дувуми зард аз майдон хориҷ шуданд.

Ёдовар мешавем, ду бозии аввали даври 8-ум шоми ҷумъаи 13-уми июн ба охир расида буд. Дастаи «Энергетик» (Душанбе) бар тими меҳмон - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуд. Дар бозии дигар низ дастаи мизбон - «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) бар тими «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

Ду бозии даври гузашта шоми шанбеи 14-уми июн баропо гардид. Дастаи «Истиқлол» (Душанбе) дар майдони худ бар тими «Хайр» (Ваҳдат) бо ҳисоби 5-1 ғалаба кард. Бозии «Хуҷанд» (Хуҷанд) бо тими меҳмон - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - бо ҳисоби 3-3 хотима ёфт.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа “Истиқлол” бо 22 имтиёз пешсаф мебошад ва ягона дастаест, ки бохт надорад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 8-ум
13 июн, ҷумъа

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 3-0
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 14 (1:0). Далер Шомуродов, 18 – ба дарвозаи худ (2:0). Бахтиёр Чориев, 65 (3:0).
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).
Душанбе, варзишгоҳи «Спитамен».

«ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» - «ВАХШ» - 2-0
Голҳо: Соломон Течи, 64 (1:0). Нуъмонҷон Ҳакимов, 87 (2:0).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

14 июн, шанбе

«ИСТИҚЛОЛ» - «ХАЙР» 5-1
Голҳо: Дилшод Восиев, 5 (1:0). Хуршед Маҳмудов, 33 (2:0). Комил Саидов, 64 (3:0).
Дилшод Восиев, 67 (4:0). Сӯҳроби Ҳусейнӣ, 85 (4:1), Умедҷон Шарифов, 89 (5:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Фатҳулло Фатҳуллоев ("Истиқлол"), 56 - барои бо сараш ба рӯи рақиб задан.
Сардовар:
Аъзам Бӯриев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«ХУҶАНД» - «ПАРВОЗ» - 3-3

Голҳо: Чарлз Теко, 3 (1:0). Манучеҳр Аҳмадов, 12 (2:0). Юсуф Рабиев, 44 (2:1).
Комрони Мирзохон, 60 (2:2). Илҳом Баротов, 67 (2:3), Манучеҳр Аҳмадов, 80 (3:3).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

15 июн, якшанбе. Оғози бозӣ – соати 18:00
ССКА «ПОМИР» - РАВШАН
Голҳо: Шамсиддин Қосимов, 29 (1:0). Фаридун Рустамов, 40 (1:1). Субҳон Хоҷамов, 86 (2:1).
Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ ДАСТАҲО БҒМБТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)871032-422
2«Хуҷанд» (Хуҷанд)843111-1015
3«Хайр» (Ваҳдат)841312-1113
4«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)841313-1513
5«Энергетик» (Душанбе)83239-811
6«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)83236-611
7«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)731311-910
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)72052-76
9«Равшан» (Кӯлоб)820611-276
10ССКА «Помир» (Душанбе)81164-144

Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 9 тӯб, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарду – «Истиқлол») – 6-тӯбӣ, Наврӯз РУСТАМОВ («Равшан») Фирӯз РАҲМАТОВ («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр АҲМАДОВ («Хуҷанд») – 5-тӯбӣ, Айдох НАПОЛЕОН («Хайр»), Чарлз ТЕКО («Хуҷанд») – 4-тӯбӣ, Фарҳод ТОҲИРОВ, Юсуф Рабиев (ҳарду - «Парвоз»), Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ (ҳарду – «Истиқлол») – 3-тӯбӣ.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 7–ум
17-уми июн (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00

“Вахш” – “Регар-ТадАЗ”

Бозиҳои даври 9-ум
21-уми июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – 18:00

«Равшан» - «Энергетик»
«Парвоз» - ССКА «Помир»
«Хайр» - «Хуҷанд»
«Вахш» - «Истиқлол»
«Регар-ТадАЗ» - «Далерон-Ӯротеппа»
XS
SM
MD
LG