Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Б. Абдураззоқов: Мақсад намоиши девонагии дунё набуд...


Барзу Абдураззоқов

Барзу Абдураззоқов

Рӯзҳои 14 ва 15 июн театри драмавии русии Қирғизистон нахустнамоиши спектакли “Хотираҳои девона”-и Барзу Абдураззоқовро аз рӯи асари Николай Гогол намоиш медиҳад.

Рӯзҳои 14 ва 15 дар театри драмавии русии Қирғизистон нахустнамоиши спектакли “Хотираҳои девона” аз рӯи асари маъруфи нависандаи рус Николай Гогол баргузор мешавад. Ин намоишномаро ҳунарпешаи маъруфи тоҷик ва саркоргардони театри русии шаҳри Бишкек Барзу Абдураззоқов ба саҳна гузоштааст.

Барзу Абдураззоқов дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши қирғизии радиои Озодӣ Улан Асаналиев гуфт, ки ин намоишнома “моноспекал” буда, бо ширкати як ҳунарпеша – қаҳрамони аслии асар гузошта шудааст:
  • Гогол – нависандаи аввали Русия аст. Драматургияи ҷаҳонӣ баъди Гогол хеле иваз шуд. Ман пештар ҳеҷ гоҳ бо Гогол кор накарда будам ва бори аввал ба ӯ рӯ овардам. Муҳимаш ин буд, ки асари мушкилтаритнашро гирам. Ин як моноспектакл аст ва мехостам эксперимент кунам. Мақсад ин набуд, ки ман девонагии дунёро нишон диҳам. Балки мехостам нишон диҳам, ки чи хел ақли мардум мактуб ба мактуб иваз мешавад, - гуфт ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ.

Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруфи тоҷик ва фаъолони ҷамъиятист, ки солҳои охир дар Қирғизистон кору фаъолият мекунад. Ду соли охир ба ҷоизаи “Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон” сарфароз шудааст. Ӯ мегӯяд, “Қирғизистон ватани дуюми ман аст” ва ин намоишномаи ҳафтумаш дар саҳнаҳои театрии Қирғизистон.

Барзу Абдураззоқов 55 сол дошта, дар хонаводаи актерҳои маъруфи тоҷик - ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов ва Фотима Ғуломова ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии ҳунарҳои театрии ба номи Луначарскии шаҳри Маскав мебошад. Ҳамроҳ бо коргардони дигари тоҷик Валерий Аҳадов дар ташкили театри «Нимҷазира» ширкат кардааст. Аммо бо шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ кори ин театр бо гузоштани ду намоишнома қатъ шуд.

Вале тӯли ин ҳама солҳо Барзу Абдураззоқов ба унвони як коргардони маъруф ва чирадаст на танҳо дар Тоҷикистон, балки хориҷ аз он низ эътироф мешавад. 54 намоишномаи ӯ дар саҳнаҳои театри Русия, Олмон, Фаронса, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон Узбакистон ва чандин кишвари дигар пешкаши тамошобин шуда ва худи ӯ барандаи даҳҳо шоҳҷоиза ва ҷавоизи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мешавад. Беҳтарин намоишномаҳои ӯ дар саҳнаи театрҳои тоҷик «Девонагӣ. Соли 1993», «Найрангҳои Абдуи Хуҷандӣ», «Шабпарак хоб дид», «Чор дарвеш», «Антигона», «Оттелло», «Ҳайвонотхонаи шишагӣ»-анд, ки бо истиқболи гарми тамошобин рӯбарӯ шудаанд.

Радиои Озодӣ

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG