Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амният хостори муколамаи миллӣ дар Ироқ шуд


Шӯрои амнияти СММ хостори баргузории муколамали миллии ҳамаҷониба дар Ироқ шуд ва ҳамлаҳои ахири ҷангҷӯён дар ин кишварро маҳкум кард. Аммо дар изҳороти 15 кишвари узви Шӯрои амният, ки шоми панҷшанбе авзоъ дар Ироқро баррасӣ карданд, дар мавриди кор гирифтан аз чораҳое алайҳи гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” чизе гуфта нашудааст.

Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама изҳор намуд, ки ҳамлаи ҷангҷӯён бояд ҳушдоре барои ҳукумати Ироқ шавад. Ӯ ба зарурати рафъи ихтилоф миёни шиаҳову сунниҳо дар Ироқ таъкид кард.

Ин ҳафта гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом”, ки бо “Ал-Қоида” робита дорад, чанд шаҳри Ироқ, аз ҷумла Мавсил ва Тикритро таҳти назорат қарор дод.

Ҳаводиси ахир дар Ироқ боиси боло рафтани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ гардид. Дар биржаи Ню-Йорк қимати нафт барои моҳи июл ду дар сад афзоиш ёфт ва беш аз 107 доллар барои як бушкаро ташкил дод. Ироқ дуввумин баъд аз Арабистони Саъудӣ тавлидкунандаи нафт дар ҷаҳон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG