Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асири пешини "Толибон" ба ИМА баргашт


Раҳоии сарбоз Бергдал
Раҳоии сарбоз Бергдал
Сарбози амрикоӣ, ки тайи панҷ сол дар асорати “Толибон” қарор дошт, ба ИМА баргашт. Сержант Боу Бергдал рӯзи ҷумъа, 13 июн вориди бемористони низомӣ дар шаҳри Сант-Антониои вилояти Техас шуд. Аз ин пеш ӯ дар Олмон таҳти назорати табибон қарор дошт.

Толибон Боу Бергдалро рӯзи 31 май дар ивази озод шудани панҷ толиби маҳбус дар зиндони Гуантанамо раҳо карданд.

Раҳоии сарбози амрикоӣ боиси баҳсҳои шадиди сиёсӣ дар ИМА гардид, зеро Кохи Сафед аз иваз кардани Бергдал бо мусаллаҳони “Толибон” Конгрессро огаҳ накарда буд. Вазири дифои Амрико Чак Ҳейгел ин ҳафта зимни баррасии мавзӯъ дар Конгресс иқрор кард, ки раҳоии Бергдал “идеалӣ” набуд, аммо ИМА ҳаққи таҳаммули дар асорат боқӣ мондани сарбозашро надошт.

Бархе аз ҳамхизматҳои Боу Бергдал ӯро дар фирори худсарона аз постгоҳ айбдор мекунанд. Сарбози амрикоӣ моҳи июни соли 2009 дар шарқи Афғонистон ғайб зада буд.
XS
SM
MD
LG