Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Испания ба тарки тахт кардани Хуан Карлос зид нест


Шоҳ Хуан Карлос
Шоҳ Хуан Карлос
Палатаи поёни парлумони Испания рӯзи чаҳоршанбе тарҳи қонунеро пазируфт, ки он ба шоҳ Хуан Карлос иҷоза медиҳад то аз тахт даст кашад ва салтанатро дар ихтиёри шоҳзода Филипе гузорад. Аз ин тарҳ 299 вакил аз ҳизби ҳукмрони мардумӣ ва ҳизби мухолифи сотсиалистӣ пуштибонӣ карданд ва фақат 19 вакил аз ҳизбҳои чапгарову ҷудоихоҳ муқобил раъй доданд. Зимнан, бар пояи афкори ҷомеъа, теъдоди хело ками испаниҳо аз боқӣ мондани салтанати шоҳӣ пуштибонӣ мекунанд.

Агар тарҳи қонун аз сӯи Сенат, палатаи болоии парлумон, пазируфта шавад, интизор меравад, ки 19 июн шоҳзода Филипеи 46-сола ҳамчун шоҳ Филиппи 6 савганд ёд кунад ва ба тахт нишинад.
XS
SM
MD
LG