Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё дар Муғулистон


Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё оид ба гуштӣ байни навҷавонон дар Муғулистон се медал ба даст оварданд.

Дар сабқати қитъавӣ, дар пойтахти Муғулистон – Улан-Батор – рӯзҳои 5-8-уми июн баргузор шуд, гуштигирони ҷавон аз 23 кишвар ширкат доштанд.

Паҳлавони тоҷик Хусрав Облобердиев дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар рақобатҳо дар вазни 66 кг ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт. Бояд гуфт, ки вай пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вале баъдан ӯ лат хӯрд ва пизишкон ба вай иҷозат надоданд, ки муборизаро давом бидиҳад. Дар натиҷа Хусрав дувум шуд. Рақибаш Ромин Тоҳирисартанг аз Эрон бидуни сабқат бо паҳлавони тоҷик ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва соҳиби медали тилло гардид.

Дар ин намуд намояндаи дигари Тоҷикистон Сарвар Исҳоқов дар вазни 74 кг мақоми севумро касб кард ва соҳиби медали биринҷӣ гардид. Дар сабқати гуштии озод Баҳодур Қодиров дар вазни 84 кг ба финал баромад, вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Элхан Асанов аз Қазоқистон шикаст хӯрд ва бо медали нуқра мукофотонида шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Эрон ҳам дар сабқати гуштии озод ва ҳам дар сабқати гуштии юнониву румӣ ҷойҳои аввалро азони худ кард. Мунтахаби Қазоқистон дар сабқати гуштии озод ҷойи дувум ва дар сабқати гуштии юнониву румӣ ҷойи севумро гирифт. Мунтахаби Қирғизистон дар сабқати гуштии юнониву румӣ дувум ва дастаи Ҳиндустон дар сабқати гуштии озод севум шуданд.
XS
SM
MD
LG