Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Душанбе-1" ғолиби Бозиҳои варзишии Тоҷикистон шуд


Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи Душанбе-1 ба анҷом расиданд.

Рӯзи 6-уми июн мусобиқа аз рӯи намуди охирин – волейбол байни занон - натиҷагирӣ шуд. Сардовари ин бозиҳо Раҳматшо Камолов, сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “дар мусобиқа аз рӯи волейбол байни занон, ки дар толори мактаби варзишии кӯдакону наврасони захоири олимпии рақами 5-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаи Душанбе-1 ҷойи аввалро касб кард. Мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҷойи дувум ва мунтахаби Суғд дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Ба ин тартиб, мусобиқот аз рӯи даҳ намуде, ки ба барномаи бозиҳо шомил буданд (баскетбол, бокс, варзиши сабук, волейбол, таэквон-до ВТФ, гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо ва самбо) ба охир расид. Баъди натиҷагирии 10 намуди варзиш дар ҳисоби умумидастаӣ тими Душанбе-1 бо касби 95 медал (51 тилло, 23 нуқра ва 21 биринҷӣ) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Суғд бо касби 71 медал (15-19-37) ҷойи дувум ва дастаи Душанбе-2 бо касби 67 медал (13-24-30) ҷойи севумро соҳиб шуданд.”

Дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ҳашт даста - мунтахаби вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, ду даста аз вилояти Хатлон, мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ, водии Рашт ва ду дастаи Душанбе ширкат доштанд.

Ин бозиҳо як давраи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ, ки моҳҳои сентябр-октябри соли равон дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешаванд, ба шумор мерафтанд.

Ҷадвали ҷамъбастии Бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон
27 апрел – 6 июни соли 2014
Номгӯи
дастаҳо
Ҷамъи умумии медалҳоМавқеи дастаҳо
ТиллоНуқраБиринҷӣҶамъи медалҳо
1ДУШАНБЕ - 1512321 951
2ВИЛОЯТИ СУҒД151937 712
3ДУШАНБЕ-2132430 673
4ХАТЛОН-2131529 574
5ШНТМ131219 445
6ХАТЛОН-151725 476
7ВМКБ5916 307
8РАШТ404 88
XS
SM
MD
LG