Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми эъдоми 10 раҳбари "Ихвон-ул-муслимин" дар Миср


Додгоҳи Миср рӯзи шанбе, 7 июн, даҳ тан аз раҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”-ро ба эъдом маҳкум кард. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ҳукми 38 тан аз фаъолони дигари ин ҷунбиш, аз ҷумла, роҳбарони он Муҳаммад Бадеъ моҳи оянда эълон хоҳад шуд.

Ҳама роҳбарони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”, ки баъд аз барканории раисиҷумҳури пешин Муҳаммад Мурсӣ мамнӯъ эълон шуд, дар таҳрик барои хушунат дар Миср дар моҳи июли соли гузашта айбдор мешаванд.

Нерӯҳои амниятии Миср зимни саркӯби ин созмони исломгаро, ки Мурсиро ба қудрат расонд, садҳо нафарро куштанд ва ҳазорони тани дигарро боздошт карданд. То имрӯз беш аз 1000 нафар аз ҷонибдорони “Ихвон-ул-муслимин” ба қатл маҳкум шуданд.
XS
SM
MD
LG