Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аминҷони 4-сола аз 13 зарби корди зани ҳамсоя саломат монд


Як кӯдаки 4 сола дар шаҳри Турсунзода пас аз 13 зарбаи корд ҷон ба саломат бурдааст. Наздикони Аминҷон Назирови 4-сола рӯзи ҷумъаи 6 июн дар як тамоси телефонии бо Радиои Озодӣ гуфтанд ин ҳодиса дирӯз 5 июн дар назди хонаи истиқоматии ин кӯдак дар маҳҳали 1 ин ноҳия рух додааст. Кароматулло Воҳидов тағои Аминҷон гуфт, хоҳарзодааш аз ҷониби зани ҳамсоя бо чандин зарби корд захми шуда феълан дар беморхонаи Қарияи болои ин ноҳия бистарист ва табибон ҳолати ӯро сангин арзёбӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол дафтари матуботи вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ хабарро тасдиқ мекунад. Дар торнамои расмии ин вазорат омадааст, ки «шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ 23 сола, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷон Назиров, соли таваллудаш 2010 мезанад. Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Амирҷон Назиров ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад».

Ин манбаъ мегӯяд дар ҳоли ҳозир Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.
XS
SM
MD
LG