Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари вазири умури хориҷии Афғонистон ба Тоҷикистон


Зирор Аҳмад Усмонӣ
Зирор Аҳмад Усмонӣ
Вазири умури хориҷии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмонӣ имрӯз бо як сафари чоррӯза вориди Душанбе мешавад. Сомонаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки сафари Усмонӣ то 7 июн давом мекунад ва зимни ин сафар мулоқотҳои ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири иқтисод Шариф Раҳимзода, вазири нақлиёт Хайрулло Асозода ва бо вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар назар дошта шудааст. Бино бар ин манбаъ, интизор меравад, дар барпобари баҳси масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва масоили амниятӣ, "дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, энергетика, маориф, фарҳанг ва ғайра мавриди муҳокима қарор гиранд."

XS
SM
MD
LG