Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти фармондеҳони марзбонӣ дар Сочӣ баргузор шуд


4 июн дар шаҳри Сочӣ мулоқоти фармондеҳони нируҳои марзбонии кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ баргузор шуд. Дар мулоқот намояндагони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистону Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва Туркманистону Узбакистон ширкат доштанд. Дар ин бора хабаргузориҳои Русия гузориш додаанд.

Владимир Кулишов-фармондеҳи нируҳои марзбонии Русия эълон кард, ки муттаасссифона дар ин мулоқот намояндаи Украина ширкат надорад. Вале вай изҳори умед кард, ки дар мулоқотҳои баъдӣ онҳо ширкат хоҳанд ҷуст.

Хадамоти марзбонии Руси хабар додааст, ки дар соли 2013 амалиёти муштарак ва вижаи нируҳои марзбонии кишварҳои муштаракулманофеъ анҷом гирифтааст. Дар он роҳҳои пешгирӣ аз фаъолиятҳои ғайриқонунӣ тавассути марзҳои муштарак тамрин шудааст.
XS
SM
MD
LG