Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи писари Янукович


Виктор Янукович ва писараш Александр

Виктор Янукович ва писараш Александр

Додситонии кулли Украина алайҳи Александр Янукович, писари раисиҷумҳури пешини кишвар, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин парванда дар чаҳорчӯби бозрасии қонуншиканиҳо ва сӯиистифода аз мақом аз сӯи кормандони гурӯҳи ширкатҳои "МАКО"-и мансуб ба Александр Янукович муҳокима мешавад.

Алексей Багатенс, муовини Додситони кулли Украина, рӯзи сешанбе, дар нишасти хабарӣ дар Киев изҳор намуд, ки тафтишот Александр Януковичро дар ташкили фирор аз супурдани андоз аз сӯи ширкатҳои гурӯҳи “МАКО”, аз ҷумла, корхонаи тавлиди шароби шампон дар Артемовск, ба маблағи беш аз 2 миллион доллар гумонбар мехонад.

Аз ин пеш Додситонии кулли Украина дар робита ба яғмои маблағҳои бӯҷа замони қудрати раисиҷумҳур Виктор Янкович 563 парванда боз карда буд.

Ба гурӯҳи "МАКО" беш аз 20 корхонаи Украина, Швейсария ва Ҳолланд, ҳамчунин “Бонки умумиукраинии рушд” шомиланд.
XS
SM
MD
LG