Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тӯҳфа"-и мақомот ба наврасони Яккачинор дар Рӯзи ҷаҳонии кӯдак


Бо вуҷуди талаби сокинони яке аз кӯчаҳои пойтахт барои нигаҳ доштани майдончаи бозӣ барои кӯдаконашон, зоҳиран дар ҷои ин майдонча бинои нав қомат меафрозад.

Сокинони кӯчаи Яккачанори шаҳри Душанбе аз мақомоти расмӣ хоста буданд, қарори сохмони бино дар майдончаи бозии кӯдакони онҳо бознигарӣ шавад.

Субҳи рӯзи 31-уми май гурӯҳе аз сохтмончиён бо ҳузури раиси маҳаллаи 11-и шаҳри Душанбе, намояндаи вакили мардумӣ аз ноҳияи Сино ва чанд нафар аз кормандони мақомоти интизомӣ ба баркандани асбобу василаҳои бозӣ дар ин майдон шурӯъ карданд. Сурайё Ҳомидова, сокини кӯчаи Яккачанор дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо анҷоми сохтмони бинои нав, кӯдакони чаҳор бино, ки ҳар яке бештар аз 50 хонаводаро дар бар мегирад, аз макони бозӣ маҳрум мешаванд:

«Мо ҳарчанд талаб кардем то посухи расмии шаҳрдорӣ майдончаро вайрон накунанд, вале касе моро гӯш накард. Омада-омада дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон «чун тӯҳфа» майдони бозии кӯдаконро вайрон карданд. Азбаски ин майдонча солҳои 1963 сохта шудааст каме фарсуда буд. Мо тасмим гирифтем ин маконро аз нав бозсозӣ кунем. Аммо касе ба додамон намерасад.»

Дар ҷои майдончае, ки дар онҷо кӯдакони чор бинои баландошёнаи кӯчаи Яккачанор бозӣ мекарданд, акнун бинои баландатақа сохта мешавад. Илҳом Салимов, муовини раҳбари ширкати сохтмонӣ мегӯяд, онҳо бар пояи қарори шаҳрдорӣ Душанбе ба сохтмони худ шурӯъ карда истодаанд ва амали онҳо хилофи қонун нест:

«Қарор аст дар ин ҷо бинои аз 9 ошёна баланд сохта шавад. Аммо мо ба шаҳрдори Душанбе дар баробари лоиҳаи бинои истиқоматӣ боз лоиҳаи ду майдони замонавӣ барои бозии кӯдакон низ пешниҳод кардаем. Ин тавр гап нест, ки мо дар ҷой бозии кӯдакон бино созем, вале барои онҳо дигар майдони бозӣ насозем. Қабл аз ҳама мо майдон барои бозии кӯдаконро месозем баъдан биноро. Ҳатто дар қарор омадааст, ки як майдончаи варзишӣ созем, аммо мо сохтмони ду майдони варзишии замонавиро бар ӯҳда гирифтаем.»

Робия, истиқоматкунандаи яке аз биноҳои атроф, ки чор кӯдаки ноболиғ дорад, мегӯяд, беҳтар мебуд ширкатҳои сохтмонӣ дар макони бозии кӯдакон не, балки дар заминҳои бекорхобида бино созанд: «Мо ҳамаи истиқоматкунандгон даъво дорем, ки дар ин ҷо бино насозанд. Зеро кӯдакони мо дигар макони бозӣ надоранд. Онҳо намедонанд куҷо раванд. Аз ҷониби дигар, мо худамон мушкили об дорем. Партовҳо боз зиёд мешаванд. Мо ба мақомотҳои дахлдор мактуб кардем, аммо то ҳол ягон нафари онҳо ба мо посух надода, намедонам чаро инҳо майдончаи бозии кӯдаконро омада вайрон карданд.»

Вайрон кардани майдони бозии кӯдакон дар кӯчаи Яккачанор дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Тоҷикистон дар остонаи аз Рӯзи байналмилалии кӯдакон қарор дорад. Самира Иброҳимова, яке аз кӯдакони ин маҳалла зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз раисиҷумҳур хост, ки майдони бозии онҳоро нигаҳ дорад: «Пагоҳ рӯзи иди мо аст. Мо бояд дар ин майдонча рақсу сурудхонӣ мекардем. Аз президент хоҳиш мекунам, ки бигӯяд майдончаи бозии моро вайрон накунанд.»

Азиз Бобоев, хонандаи синфи 4 бо нигаронӣ афзуд, таътилашон фаро расидааст, акнун намедонанд ба куҷо рафта бозӣ кунанд. Азиз мегӯяд: «Доим дар ин ҷо футбол бозӣ мекунем. Ягон ҷой рафтан барои бозӣ надорем. Назди «дом» меравем аз он ҷо майдонча барои чӣ аст гуфта сурмон мекунан. Ин ҷоро мекананд, баъд дар куҷо мо бозӣ кунем? Боз аз пеш таътил аст. Боз пагоҳ иди кӯдакон аст. Иди мо аст. Ҳамин аст "подарка"-и мо. Бояд ин хел накунанд.»

Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли мақомоти маҳаллӣ онҳо кӯдаконро аз макони бозӣ маҳрум нахоҳанд кард. Гулчеҳра Ёрмуҳаммадова, раиси шаҳраки 11-и шаҳри Душанбе зимни сӯҳбат бо мо гуфт, онҳо тасмим доранд танӯр ва гаражҳоро аз назди биноҳои истиқоматӣ тахриб карда, дар ҷояшон майдони варзишӣ созанд. Аммо сокинон ба ин розӣ намешаванд:

«Ман ҳам истиқоматкунандаи ҳамин биноҳо ҳастам. Мефаҳмонам ба мардум , ки мо майдонча месозем, аммо онҳо инро намефаҳманд. Намехоҳанд, ки мо танӯр ва гаражҳоро вайрон кунем. Ин шаҳр аст, бояд тартибу низом бошад. Ҳоло сохтмон шурӯъ нашудааст. Онҳо танҳо ҷой биноро тоза карданд.»

Майдоне, ки тасмим аст бинои 9 ошёна сохта шавад, макони бозии бештар аз 200 кӯдак маҳсуб меёбад.
XS
SM
MD
LG