Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли духтарон пулиси Ҳиндро шармсор кард


Пулиси Ҳинд, ки барои беэътиноӣ ба сарнавишти ду духтари ноболиғ аз тарафи ҷомеаи байналмилалӣ танқид шуд, мегӯяд, дар робита ба таҷовуз ва қатли ин духтарон 5 нафарро дастгир кардааст. Ду фарди боздоштшуда маъмурони пулис ноҳияи Бадауни аёлати Утар Прадеш ҳастанд ва ду нафари дигар барои ин ҷиноят бозпурсӣ мешаванд. Ду хешдухтари 14 ва 16-сола аз табақаи Далит, ки пайваста табъизу таҳқир мешаванд, баъди нопадид шуданашон дар рӯзи 27-уми май таҷовуз карда ва ба дор овехтаанд. Падарони ин духтарон гуфтаанд, ки пулис дархости онҳо барои ҷустуҷӯи духтаронро сабт накардаанд. Қатли ин духтарону сарнавишти зани Лоҳурӣ дар Покистон ки дар мазҳари ом аз тарафи хешовандонаш кушта шуд, дигарбора сарнавишти торики занони зиёд дар ин минтақаро нишон дод.
XS
SM
MD
LG