Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Қирғизистон 1,2 миллиард доллар медиҳад


Темир Сариев
Темир Сариев
Темир Сариев-вазири иқтисоди Қирғизистон гуфт, Русия ба Бишкек 1,2 миллиард доллар кӯмак мекунад, то Қирғизистон ба Иттиҳодияи Гумрукии зери назари Маскав дарояд.

Темир Сариев 30 май ба бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки ин маблағ чун қарзи дарозмуддат дар ихтиёри Қирғизистон гузошта мешавад. 200 миллион доллари дигари иловагиро Русия барои иҷрои Харитаи Роҳ дар ҷараёни омодагӣ ба узвияти ин иттиҳодия ба Қирғизистон хоҳад дод.

Харитаи Роҳро 29 май дар Остона-пойтахти Қазоқистон Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳур бо раҳбарони кишварҳои узв, яъне бо Владимир Путин, Нурсултон Назарбоев ва Александр Лукашенко имзо кард.
XS
SM
MD
LG