Пайвандҳои дастрасӣ

Шерхон Салимзода ба Хоруғ рафт


Дар Хоруғ мулоқоти фаъолони вилоят бо Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода идома дорад. Мақомоти ҳукумати Бадахшон мегӯянд, дар бинои ҳукумати вилоят дар Хоруғ мулоқоти фаъолон, аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, созмонҳои хусусӣ ва фаъоли вилоят бо Шерхон Салимзода дар соати 09:00 оғоз шуда, ҳанӯз идома дорад. Хушқадам Хушқадамов, раиси шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии ҳукумати вилояти Бадахшон имрӯз бо тасдиқи ин хабар ба «Озодӣ» гуфт, ки дар мулоқоти мазкур раисони ҷамоатҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси фаъоли вилоят ширкат доранд. Гуфта мешавад, ки дар ин мулоқот масъалаи аслӣ баррасии ҳодисаҳои рӯзҳои 21-24-и май дар Хоруғ ва 27 май дар ноҳияи Ишкошим баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG