Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама шумораи нируҳои нав дар Афғонистонро эълон мекунад


Барак Обама
Барак Обама
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико шумораи нируҳои нав барои ҷанг дар Афғонистонро эълон мекунад. Дар ин бора як мақоми расмии Кохи Сафед хабар додааст. Обама мехоҳад, ки баъд аз соли 2015 9800 нафар нафар аз Амрико ва нируҳои НАТО боқӣ бимонанд.

То поёни соли 2015 шумораи нируҳо каме бештар аз нисфи ҳамин шумора, ба вижа Кобулу дар пойгоҳи ҳавоии Багром хоҳад буд. Дар поёни соли 2016 давлати Амрико умед дорад, ки шумораи нируҳо бештар аз як ҳазор нафар шавад.

Ин нируҳо танҳо дар сурате дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд, ки агар ҳукумати Афғонистон Мувофиқатномаи амнияти дуҷонибаро имзо кунад. Ду номзади пештози мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон қавл додаанд, ки дар сурати интихоб ин мувофиқатномаро имзо хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG