Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Русия – қаҳрамони ҷаҳон оид ба хоккей


Мунтахаби Русия дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба хоккей, ки шаби 25-уми май дар пойтахти Беларус – Минск ба анҷом расид, ғолиб шуд.

Хоккейбозони русиягӣ дар бозии ниҳоӣ, ки шаби якшанбе дар "Минск-Арена" баргузор шуд, бар мунтахаби Финляндия бо ҳисоби 5:2 пирӯзӣ ба даст оварданд. Аз дастаи Русия шайбаҳоро Сергей Широков (дар дақиқаи 11-ум), Александр Овечкин (28), Евгений Малкин (36), Данис Зарипов (45) ва Виктор Тихонов (56), аз тими Финляндия Ииро Пакаринен (20) ва Олли Палола (27) заданд.

Бояд гуфт, ки бозии ниҳоиро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сафари расмиаш ба Ҷумҳурии Беларус бо ҳамтоёнаш Владимир Путин ва Александр Лукашенко дар "Минск-Арена" тамошо карданд. Владимир Путин тими хоккейбозони Русияро бо пирӯзияшон табрик гуфт.

Чемпионати ҷаҳон-2014. Финал
Русия – Финляндия – 5:2 (1:1, 2:1, 2:0)
1:0 – Широков (Зарипов) – 10:45 (5x4).
1:1 – Пакаринен (Лехтеря) – 19:57.
1:2 – Палола (Йормакка, Лехтеря) – 26:51 (5x4).
2:2 – Овечкин (Шипачёв) – 27:34.
3:2 – Малкин (Зарипов) – 35:36 (5x3).
4:2 – Зарипов (Широков) – 44:24 (5x4).
5:2 – Тихонов (Кутузов, Кулёмин) – 55:53 (5x4).

Мунтахаби Шветсия, ки барои ҷойи севум бар мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 3-1 ғолиб омад, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.
XS
SM
MD
LG