Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Попи Рум аз Исроил идома дорад


Франсис, Попи Рум
Франсис, Попи Рум
Франсис-Попи Рум вориди Исроил шуд ва боздиди вай аз ин кишвар идома дорад. Вай 25 май аз Каронаи Ғарбии рӯди Урдун вориди Исроил шуд ва ҳамон рӯз аз он ҷо бо чархбол дар фурудгоҳи Бен Гуриони Тел Авив фуруд омад. Дар фурудгоҳ аз вай Шимон Перес-раиси ҷумҳур ва Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил пазироӣ карданд.

Поп қабл аз Исроил 25 май бо чархбол аз Урдун мустақиман ба Байтуллаҳм парвоз кард ва бад-ин тариқ нахустин Попи Рум буд, ки на аз роҳи Исроил, балки мустақиман вориди Каронаи Ғарбӣ шуд.

Поп дар майдони марказии Байтуллаҳм дар ҳавои боз маросими аъшои раббониро бо 10 ҳазор тӯдаи мардум адо кард. Масеҳиҳо бар ин боваранд, ки Исои Масеҳ дар наздикии ҳамин макон ба дунё омадааст.

Вай ҳамчунин бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин мулоқот ва аз вай даъват кард, ки барои сулҳ дуо кунанд.
Поп Франсис дар ин минтақа аз урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ низ боздид ба амал овард.
XS
SM
MD
LG