Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум вориди Каронаи Ғарбӣ шуд


Франсис, Попи Рум
Франсис, Попи Рум
Франсис-Попи Рум боздиди дурӯзаи худ аз қаламравҳои Фаластин ва Исроилро бо Каронаи Ғарбӣ оғоз кард. Вай 25 май бо чархбол аз Урдун мустақиман ба Байтуллаҳм парвоз кард ва бад-ин тариқ нахустин Попи Рум аст, ки на аз роҳи Исроил, балки мустақиман вориди Каронаи Ғарбӣ шуд.

Қарор аст, ки Поп дар майдони марказии Байтуллаҳм дар ҳавои боз маросими ашои раббониро адо кунад. Масеҳиҳо бар ин боваранд, ки Исои Масеҳ дар наздикии ҳамин макон ба дунё омадааст.

Интизор меравад, ки Поп ҳамчунин дар ин минтақа аз урдугоҳи паноҳҷӯёни фаластинӣ боздид кунад. Шоми 25 май вай дар идомаи сафараш ба Исроил меравад ва дар он ҷо бо Варфоломеи 1 мулоқот меорояд.

Поп Франсис 24 май ҳангоми боздид аз Урдун, ки нахустин нуқтаи боздидаш аз Ховари Миёна буд, даъват кард, ки бояд муноқишаи миёни Исроилу Фаластин ҳал шавад.
XS
SM
MD
LG