Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои нав дар остонаи интихоботи 25 май


Як рӯз пеш аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина аз шарқи ин кишвар дар бораи ҷангҳои нав миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷонибдори Русия ва нируҳои ҳукуматии Украина гузоришҳо мерасад.

Раҳбари ҷудоихоҳон дар шарқи Украина таҳдид кардааст, ки аз райдиҳӣ дар манотиқи зери контроли худ пешгирӣ мекунад ва бад-ин тариқ дурнамои сулҳ зери суол меравад. Ин даргириҳо субҳи 24 май ба вуқуъ пайваст ва он ҳам дар ҳолест, ки Киев талош дорад, то аз шӯриши ҷудоихоҳон ҷилавгирӣ кунад.

Хабарнигорони Ассошиейтед Пресс аз Донетск мегӯянд, ки онҳо дар наздикии деҳаи Карливка ҷасади 2 сарбози украинӣ ва дар назди посгоҳи ҷудоихоҳон як ҷасади дигарро дидаанд.

Гурӯҳи нозирони САҲА 23 май вориди Киев шуданд, то 25 май бар ҷираёни райдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ назорат кунанд.
XS
SM
MD
LG