Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бозори Урумчӣ 31 нафар кушта шуд


Пулис дар маҳали ҳодиса

Пулис дар маҳали ҳодиса

Бино ба гузоришҳои расида аз Чин, ҳамлакунандагон ду мошинро дар бозор ба сӯи одамон ронда, ҳамзамон дар ҳоли ҳаракат маводи тарканда партофтаанд, ки дастикам 31 нафар кушта, 90 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин ҳамла дар шаҳри Урумчӣ сурат гирифтааст. Ин шаҳр маркази вилояти Шинҷони Чин аст ва дар он аксаран мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Дар эъломияе, ки субҳи 22 май пахш шуд, мақомоти раҳбарии Шинҷон ин ҳамларо “ҳодисаи ҷиддии террористӣ” арзёбӣ карданд.

Дар ин минтақаи дорои манобеи ғании сарватҳои табиӣ моҳҳои ахир хушунат афзоиш ёфтааст. Пекин мегӯяд, дар ин минтақа таҳдидҳои террористӣ вуҷуд дорад ва ҷудоихоҳон аз ҷониби исломи тундгаро ва гурӯҳҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд.

Вале таҳлилгарон мегӯянд, ки ин таҳдидҳоро Чин муболиға мекунад, то тадбирҳои саркӯбгаронаи худро дар минтақа тавҷеҳ кунад.
XS
SM
MD
LG