Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Кӯктош» - пешсафи мусобиқаи минтақавии лигаи аввали футболи Тоҷикистон


Рӯзи 20-уми май бозиҳои даври дувуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар як бозӣ мизбонон, дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд ва се бозӣ мусовӣ анҷом ёфт. Дастаи пешсаф - «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонӣ бар тими «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Худойдод Нусратов дар дақиқаи 12-ум ба ҳадаф расонд.

Дастаи мизбон - «Пахтакор»-и Қабодиён – тими «Бохтар»-и Бохтарро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ду бозии дигар миёни «Локомотив» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восеъ) ва «Чашма» (Шаҳритус) – «Саройкамар» (Панҷ) бо ҳисоби якхелаи 2:2 хотима ёфт. Бозӣ миёни дастаҳои «Ҳосилот» (Фархор) – «Нури Норак» (Норак) бидуни гол ба анҷом расид.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон
Минтақаи Душанбе. Даври 2-юм

«Локомотив» (Душанбе) – «Ҳулбук» (Восеъ) – 2:2
Голҳо: Зоир Холматов, 39 (0:1). Одил Менгиёров, 50 (0:2). Абдулқосим Музаффаров, 53 (1:2). Бахтиёр Бӯриев, 74 – аз пеналтӣ (2:2).

«Пахтакор» (Қабодиён) – «Бохтар» (Бохтар) – 4:1
Голҳо: Фаррух Абдураҳмонов, 4 (1:0). Ибодулло Ҳасанов, 5 (1:1). Ҷамол Хоҷаев, 31 (2:1). Фирдавс Зайнуллозода, 80 (3:1). Насим Азизов, 88 (4:1).

«Чашма» (Шаҳритус) – «Саройкамар» (Панҷ) – 2:2
Голҳо: Соҳибҷон Ваҳҳобов, 27 (0:1). Исмоил Муродов, 44 (1:1). Ҳусейн Ёқубов, 62 (1:2). Исмоил Муродов, 71 – аз пеналтӣ (2:2).

«Ҳосилот» (Фархор) – «Нури Норак» (Норак) – 0:0

«Панҷшер» (Ҷалолиддин Румӣ) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 0:1
Гол: Худойдод Нусратов, 12.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи минтақаи Душанбе
ҶДастаҳо БҒМБТИ
1.«Кӯктош» (Рӯдакӣ)22007-26
2.«Саройкамар» (Панҷ)21105-34
3.«Чашма» (Шаҳритус)21104-34
4.«Панҷшер» (Румӣ)21016-13
5.«Пахтакор» (Қабодиён)21015-43
6.«Бохтар» (Бохтар)21013-43
7.«Нури Норак» (Норак)20111-21
8.«Ҳулбук» (Восеъ)20112-41
9.«Ҳосилот» (Фархор)20112-61
10.«Локомотив» (Душанбе)20112-81

Нишонзанҳои беҳтарин: Худойдод НУСРАТОВ («Кӯктош»), Исмоил МУРОДОВ («Чашма») – 3-тӯбӣ, Ҳасан ХОЛОВ, Саидакбар ЮНУСОВ (ҳарду – «Панҷшер»), Аҳтам АБДУЛЛОЕВ («Кӯктош»), Муҳаммад АБДУРАҲМОНОВ («Ҳосилот»), Хусрав СОҲИБОВ («Бохтар»), Хуршед ЯМОҚОВ («Саройкамар»), Фирдавс ЗАЙНУЛЛОЗОДА («Пахтакор») – 2-тӯбӣ.

Даври 3-юм
25-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо - соати 17:00

«Кӯктош» - «Локомотив»
«Нури Норак» - «Панҷшер»
«Саройкамар» - «Ҳосилот»
«Бохтар» - «Чашма»
«Ҳулбук» - «Пахтакор»
XS
SM
MD
LG