Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳое аз иҷрои шартҳо мушоҳида намешавад


Зарбулаҷале, ки ҳукумати Украина барои ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия барои ба замин гузоштани аслиҳа ва холӣ кардани биноҳои ҳукуматӣ таъйин карда буд, ба поён расид, вале нишонае дида намешавад, ки ҷудоихоҳон ин шарту шароитро иҷро кунанд.

Олександр Турчинов-кафили раёсати ҷумҳурии Украина таҳдид карда буд, ки агар то соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ ҷудоихоҳон ин шарту шароитро иҷро накунанд, дар он сурат бо ширкати артиш бар зидди онҳо “амалиёти густардаи зиддитеррористӣ” шуруъ мешавад.

Аммо рӯзноманигорон дар Славянск ва Донетск мегӯянд, ки нишонаҳое аз итоати ҷудоихоҳон ё иҷрои ин шартҳо мушоҳида намешавад.

Русия аз Киев хостааст, ки бар зидди эътирозгарони ҷонибдори Русия аз ниру истифода набарад. Аммо ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ Маскавро муттаҳам мекунанд, ки дар бӯҳрони минтақаҳои шарқии Украина даст дорад.
XS
SM
MD
LG