Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон дар марзаш бо Тоҷикистон 4 дидбонгоҳи иловагӣ месозад


Қирғизистон дар марзи худ бо Тоҷикистон чаҳор дидбонгоҳи сарҳадии иловагӣ бунёд мекунад.

Дар ин бора Раимберди Дуйшенбиев, раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 11-уми апрел дар нишасти фраксияи ҳизби Ота-Журт дар парлумонии Қирғизистон иттилоъ додааст. Хабаргузориҳои Қирғизистон аз қавли оқои Дуйшенбиев навиштаанд, ки барои бунёди ин дидбонгоҳҳои марзии иловагӣ, ҳанӯз соли гузашта маблағ ҷудо шуда буд.

Раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки аз ҷумлаи ин чаҳор дидбонгоҳи иловагии марзӣ, ду тои он дар ноҳияи Лайлак ва ду тои дигар дар Бодканд бунёд хоҳанд шуд. Ҳар як дидбонгоҳ аз ҳашт квартира ва ё хона иборат хоҳад буд ва барои оилаҳои марзбонон ихтисос хоҳад ёфт.

Зӯҳри 11-уми январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол эълон кард, ки марзаш бо Тоҷикистонро то анҷоми таҳқиқи қазияи ахир мебандад.

Танҳо баъд аз гуфтугӯи беш аз ду моҳаи ҳайатҳои музокиракунандаи ду кишвар, дар авоили моҳи ҷорӣ Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи Тоҷикистон боз кард.

Марзбандӣ ба тиҷорати байни ду кишвар таъсири зиёди манфӣ расонд ва бино ба омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, тиҷорати миёни ду кишвар дар моҳи январи соли равон ҳамагӣ 1 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба 11 миллиони январи соли 2012 дуруст 11 маротиба камтар аст.

Бо гузашти 22 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ аз 976 километ марзи ин ду кишвар то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG