Пайвандҳои дастрасӣ

Сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷик ба ҳисоби миёна дар як рӯз на бештар аз 15 сомонӣ, муодили 3 доллари амрикоӣ будааст.

Ин мизон дар пайи пажӯҳиши Оҷонсии омори Тоҷикистон дар заминаи сабади истеъмолии донишҷӯи тоҷик мушаххас шудааст. Оҷонсии омори Тоҷикистон барои аввалин бор зимни таҳқиқи сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷик ба ин хулосае расидааст, ки маблағи 15 сомонӣ ё 3 доллар барои истеъмоли ғизои лозима ба як донишҷӯи тоҷик кофӣ аст.

Ҳилола Бекова, як масъули Оҷонсии омори Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин нахустин пажӯҳиш дар заминаи сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷик аст, ба ин далел гуфтан душвор аст, ки то кадом андоза сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷик беҳтар ва ё бадтар шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи иддае аз донишҷӯён, сабади истеъмолии на ҳамаи онҳо якранг аст.

Донишҷӯёни тоҷик субҳ чою шакар ва дар бархе маворид тухм истеъмол мекунанд. Ғизоии нисфирӯзии онҳо маъмулан хӯрокҳои зуд тайёр, аз ҷумла пирашки, самбуса ва "ходдог" мебошанд. Шабона онҳо бештар шӯрбои бегӯшт ва ҳасибҳое, ки қимати як килограми онҳо на бештар аз 10 сомонӣ аст, истеъмол мекунанд. Ҳамчунон "ролтон" маҳбубияти худро миёни донишҷӯён аз даст надодааст ва гоҳ-гоҳе ҳам зеби дастурхони онҳост. Аксари донишҷӯёни тоҷик хӯроки гӯштдорро дар тӯю маъракҳо ва ё хонаи волидон истеъмол мекунанд.

Илҳом Камолов, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон мегӯяд, сабади истеъмолии донишҷӯён аз хонаводаҳои афроди доро шумурданашаванда аст, вале масрафоти донишҷӯёни фарзандони оилаҳои камбизоат ва ё миёнаҳолро метавон ба ду гурӯҳ тақсим кард. Ба гуфтаи Илҳом, гурӯҳи аввал аз нигоҳи ӯ дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд ва гурӯҳи дуввум ҳамроҳ бо волидайн, ки реҷаи ғизохӯриашон мухталиф аст. Ӯ гуфт: «Донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, саҳар хӯрок мехӯранд ва нисфирӯзӣ не. Онҳое, ки дар хонаи волидайн ҳастанд, ки хуб аст ё бад, ки се вақт каму беш мехӯранд. Аммо ҳоло дигар донишҷӯён истеъмолашон хуб шудааст. Далел ин аст, ки истеъмоли ролтон камтар шудааст ва ҳоло колбаса ва дигар чизҳо мехӯранд.»

Аммо болоравии қимати маводи хӯрокворӣ сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷикро тағийр додаст. Зеро бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нархи картошка дар ин авохир, ҳоло, аксари донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, аз истеъмоли ин маҳсулот то андозае даст кашидаанд. Ин аст, ки Нуралӣ Шарипов, як донишҷӯи дигар мегӯяд, қимати картошка аз 2 сомонӣ якбора ба 4 сомонӣ ва аз он ҳам бештар расидааст, ҳоло дигар барои истеъмолаш маблағ сарф намекунанд: «Нархҳо тағийр ёфтаанд. Се соли пеш ҳар ҳафта барои ман 50 сомонӣ равон мекарданд, ки ин мерасонд, вале ҳоло ҳар ҳафта сад сомонӣ аз хона мефиристанд, ки баъзан вақт намерасад. Кӯшиш мекунем, ки хӯрокҳои арзонтар хӯрем. Пули бештар дар роҳкиро ҳам сарф мешавад.»

Зимнан, аксари донишҷёни тоҷик аз ҷониби хонаводаҳояшон таъмини молӣ мешаванд ва ангуштшумор донишҷӯи тоҷик аст, ки ҳамзамон бо таҳсил барои дарёфти маблағ кор кунад. Олимбек Шарипов, як донишҷӯи дигар мегӯяд, бинобар маблағи кам доштан пайваста хӯрок намехӯрд, ки дар ниҳоят ба бемории захми меъда гирифтор шудааст: «Ё вақт намешуд ва ё пул набуд, ки сари вақт хӯрок хӯрам, аз ин рӯ меъдаам язва гирифт. Табобат кардам ва ҳоло кwшиш мекунам, ки реҷаи хӯрокхӯриро риоя кунам. Аксари ҳамсабақонро медонам, ки захмӣ меъда шудаанд.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки пизишкон мегӯянд, аксари донишҷӯён ҳангоми таҳсил бинобар риоя накардани реҷаи хӯрокхӯрӣ ва ё истеъмоли нодуруст меъдаашон осеб мебинад, ки инро танҳо пас аз хатми донишгоҳ дарк мекунанд. Дилшод Бобоев, пизишки бемориҳои узвҳои ҳозима мегӯяд, ҳоло муроҷиати донишҷӯён бо дарди меъда кам аст, вале аксари калонсолоне, ки бо чунин иллат шикоят мекунанд, пас аз сӯҳбат маълум мешавад, ки замони донишҷӯи аллакай меъдаашон осебҳои аввалинро гирифтааст: «Дар замони донишҷӯӣ шояд он қадар намефаҳманд, зеро организм бақувват аст. Вақте сину сол аз 35 40 боло меравад, баъдан осебҳои хӯрд ба захм табдил меёбанд. Ҳоло муроҷиати донишҷӯён вуҷуд дорад, аммо камтар.»

Дар ҳамин ҳол пажӯҳиши Оҷонсии омори Тоҷикистон дар мавриди сабади истеъмолии донишҷӯёни тоҷик дар ҳолест, ки соли гузашта Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ёълон дошт, ки дар маҷмӯъ зиндагии мардуми Тоҷикстон рӯ ба беҳбудӣ ёфтааст ва миқдори камбизоатон нисбат ба соли 2012, 15 дар сад коҳиш ёфта ва ҳамакнун ин мизон 38 дар сади ҷамъитяти ин кишварро ташкил медиҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG