Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Меркел дар бораи Русия гуфтугӯ карданд


Меркел ва Обама
Меркел ва Обама
Кохи Сафед мегӯяд, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон таҳримҳои баъдии зидди Русияро баррасӣ кардаанд. Таҳримҳо бар зидди Русия барои даст доштан дар бӯҳрони Украина пешбинӣ мешавад.

Кохи Сафед дар эъломияе гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ Обама ва Меркел бори дигар аз Маскав хостаанд, ки нируҳояшро аз минтақаҳои марзӣ бо Украина фаро хонад.

Дар эъломия гуфта мешавад, ки ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия “зоҳиран бо кӯмаки Маскав” суботи вазъро дар Украина бо маъракаҳои созмондодаи таҳрикоту харобкорӣ ба ҳам мезананд.

Дар эъломия омадааст, Обама барои Амрико, Иттиҳодияи Аврпупо ва соири ҳампаймонҳои худ зарур мешуморад, ки ба ташдиди бештари муносибот бо Русия бо таҳримҳои бештар омода бошанд.
XS
SM
MD
LG