Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷмаи Порламонии Шӯрои Аврупо ҳайати Русияро аз ҳақи райдиҳӣ дар ин маҷмаъ маҳрум кард. 10 апрел дар натиҷаи райдиҳӣ маҷмаи мазкур ба чунин хулоса расид. Ба ҷонибдорӣ аз маҳрумияти ҳайати Русия 145 нафар рай доданд, 21 нафар райи мухолиф доданд ва 22 нафари дигар аз райдиҳӣ худдорӣ карданд.

Ҳайати Русия ин тасмими Маҷмаи Порламониро байкот кард. Акунун Русия то поёни соли 2014 аз ҳақи райдиҳӣ маҳрум хоҳад буд. Ҳайати Русия ҳамчунин аз намояндагӣ дар Бюрои Маҷмаъ, дар Кумитаи Раёсат, Кумитаи Омодагӣ ва аз ҳақи доштани мақоми нозир дар интихобот маҳрум мешавад.

Маҷмаъ як замимаи дигареро ҳам ба тасвиб расондааст ва тибқи он метавонад салоҳиятҳои ҳайати Русияро лағв кунад, агар Маскав аз тасарруфи Қрим даст накашад ва вазъро ба ҳолати оддӣ барнагардонад.
XS
SM
MD
LG