Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав аз идомаи ҳамкорӣ бо "Садои Амрико" сарпечӣ кард


Русия ба Шӯрои мудирон оид ба масоили пахши барномаҳои ИМА (BBG) дар бораи қатъи созиш оид ба пахши барномаҳои “Садои Амрико” дар Маскав дар мавҷҳои миёна хабар дод. Раиси оҷонси “Россия сегодня" Дмитрий Киселев дар посух ба пешниҳоди “Садои Амрико” оид ба идомаи созишнома навишт, ки “Мо ҳамкорӣ карданӣ нестем”.

Раҳбари BBG Ҷефрӣ Шелл дар вокуниш ба ин изҳор намуд, ки "Маскав роҳи нодурустро пеш гирифт ва тасмим дорад, ки озодии матбуотро маҳдуд созад”. Ба гуфтаи ӯ, расонаҳои русӣ, аз ҷумла, телевизиони Russia Today, ки таҳти назорати Кисилев қарор дорад, дар Амрико ва тамоми олам қобили дастрасист”. Шаҳрвандони Русия ҳам ҳақ доранд, ки аз ин гуна дастрасии озод ба иттилоъ бархурдор бошанд”, гуфтааст Ҷефрӣ Шелл.

BBG масъули ҳамоҳангсозии фаъолияти Радиои Озодӣ ҳам ҳаст.

Дмитрий Киселев бо изҳороти зиддиғарбии худ маъруф аст ва ахиран ба рӯйхати шаҳрвандони русе шомил гардид, ки Иттиҳодияи Аврупо дар посух ба амалкарди Маскав дар Қрим нисбати онҳо таҳримҳо ҷорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG