Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашт: Ҳоли 3 гирифтори ботулизм вазнин боқӣ мемонад


Аз даҳҳо сокини Ашт, ки дар рӯзи Наврӯз аз истеъмоли консерви дастисоз заҳролуд шуданд, танҳо 3 кас дар беморхона боқӣ мондааанд.
Аз бемористони марказии ноҳияи Ашт ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло ду кӯдаки 8 ва 9-сола ва як зан дар шӯъбаи эҳёи ин бемористон таҳти табобат қарор доранд. “Ҳоли онҳо вазнин аст, вале умед дорем беҳбуд хоҳанд ёфт,” – гуфт як табиб.
Ба гуфтаи ин манбаъ, 42 нафар сокини деҳаи Шодобаи ноҳияи Ашт, бюо шумули кӯдакон, рӯзи 21 март дар як маҳфили наврӯзии оилавӣ аз истеъмоли консерви помидору бодиринг заҳролуд гашта, таъҷилан ба бемористони марказии ноҳияи Ашт интиқол дода шуда буданд. Яке аз заҳролудшудагон - Самандар Султонови 10-сола, хонандаи синфи 3-юми мактаби рақами 30-и ҷамоати Шодоба рӯзи 28-уми март бар асари фалаҷ шудани узвҳои нафаскашиаш даргузашт.
XS
SM
MD
LG