Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зану шавҳар барои талоши фурӯши кӯдак боздошт шуданд


Дар вилояти Маскави Русия пулис зану шавҳареро аз Узбакистон боздошт кард. Онҳо талош доштанд фарзанди худро бифурӯшанд. 8 апрел Олга Врадий-сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия ба рӯзноманигорон гуфт, ки ин зану шавҳар мехостаанд писари якунимсола ва духтари навзоди худро ба маблағи 1 миллион рубл (28 ҳазор доллар) бифурӯшанд.

7 апрел зану шавҳар дар шаҳраки Видное боздошт шудаанд ва барои чунин кор ба онҳо 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Моҳи феврал ду зани шаҳрванди Узбакистон дар Санкт Петербург мехостанд кӯдаки навзодеро ба 80 ҳазор рубл (2 250 доллар) ба корманди пулис бифурӯшанд. Ин корманди пулис худро харидор вонамуд карда буд.
XS
SM
MD
LG